Михаэл Хоффманн — коршиноси байналмилалии соҳаи бонкдорӣ буда, дорои беш аз 30 сол таҷрибаи корӣ дар бахшҳои бонкдорӣ, сармоягузорӣ ва идоракунии корпоративӣ мебошад.
Аз 1 сентябри соли 2026 ӯ вазифаи Раиси Раёсати ҶСП Бонки «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ»-ро ба уҳда дорад.
Таҷриба ва тахассуси касбии Михаэл Хоффманн рушди стратегии ташкилотҳои молиявӣ, фаъолият дар бозорҳои рӯ ба рушд, маблағгузории соҳибкории хурду миёна, идоракунии хавфҳо, идоракунии корпоративӣ ва рушди институтсионалиро фаро мегирад.
Михаэл Хоффманн аз соли 2021 бо «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» ҳамкорӣ дорад. Дар давраи солҳои 2021–2026 ӯ узви Шӯрои нозирони Бонк буда, дар фаъолияти Кумитаи идоракунии хавфҳо иштирок кардааст. Ин таҷриба ба ӯ имкон дод, ки бо стратегия, фаъолияти Бонк ва низоми идоракунии он аз наздик шинос шавад.
То таъин шудан ба вазифаи Раиси Раёсати «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ», Михаэл Хоффманн дар ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва сохторҳои бонкӣ вазифаҳои роҳбарикунандаро ба уҳда дошт. Дар солҳои гуногун ӯ AccessBank-ро дар Озарбойҷон роҳбарӣ карда, дар Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) фаъолият намудааст ва инчунин дар сохторҳои бонкии Олмон ва Эстония вазифаҳои роҳбарикунандаро ба уҳда доштааст.
Ҳамчун Раиси Раёсати ҶСП Бонки «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ», Михаэл Хоффманн ба рушди минбаъдаи фаъолияти бонкӣ, таҳкими идоракунии корпоративӣ ва низоми идоракунии хавфҳо, баланд бардоштани самаранокии амалиётӣ, рушди хизматрасониҳои рақамӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба мизоҷон таваҷҷуҳ зоҳир менамояд.