26 февраля 2026
Филиали Исфара ҳамчун иҷтимоӣ нигаронидашудатарин эътироф гардид
Дастаи филиал мавқеи пешсафиро дар пешниҳоди маҳсулоти молиявии иҷтимоӣ нишон медиҳад, аз ҷумла қарзҳо барои таҳсил, рушди ҳунармандӣ ва маблағгузории «сабз».
Иқдомҳои амалӣшуда ба густариши дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани сифати зиндагии мизоҷон дар минтақа равона шудаанд.
Таҷрибаи филиали Исфара барои дигар воҳидҳо намуна буда, самаранокии стратегияи бонкро дар самти рушди устувор тасдиқ менамояд.
Бонк ба дастаи филиал барои сатҳи баланди касбият, масъулиятнокӣ ва саҳми назаррас дар рушди маблағгузории иҷтимоӣ изҳори сипос менамояд.