12 июня 2026
Бонки Имон Интернешнл аз ҷониби IFC ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ бо номаи сипос қадрдонӣ гардид
Бонки Имон Интернешнл барои саҳми назаррас ва ҳамкории самаранок дар татбиқи лоиҳаи маблағгузории хурди манзилӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC), ки ба ҳайати Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ шомил аст, бо номаи сипос қадрдонӣ гардид. Лоиҳа бо дастгирии молиявии Ҳукумати Швейтсария амалӣ шуда, ба густариши дастрасии аҳолӣ ба роҳкорҳои молиявӣ барои беҳтар намудани шароити манзил равона шудааст.
Ин қадрдонӣ нишонаи ҳамкории муваффақонаи Бонки Имон Интернешнл, IFC ва шарикони байналмилалӣ дар самти рушди воситаҳои дастраси молиявӣ барои аҳолӣ мебошад. Дар натиҷаи фаъолияти муштарак, сокинони минтақаҳои гуногуни кишвар имкониятҳои бештар барои маблағгузории сохтмон, таъмир ва беҳтарсозии манзили худро пайдо намуданд.
Маблағгузории хурди манзилӣ дар беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ, бахусус оилаҳое, ки ба қарорҳои дастрас ва қулайи молиявӣ барои ободонии манзили худ ниёз доранд, нақши муҳим мебозад. Бо дастгирии ин самт, Бонки Имон Интернешнл на танҳо ба рушди дастрасии молиявӣ, балки ба пешрафти иҷтимоию иқтисодии кишвар низ саҳм мегузорад.
Дарёфти номаи сипос аз садоқати Бонк ба меъёрҳои баланди фаъолияти касбӣ, муносибати масъулона нисбат ба хизматрасонии мизоҷон ва рушди ҳамкориҳои дарозмуддат бо институтҳои байналмилалии молиявӣ шаҳодат медиҳад.
Бонки Имон Интернешнл ба IFC, Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ва Ҳукумати Швейтсария барои эътимод ва баҳои баланди ҳамкории муштарак изҳори сипоси самимӣ менамояд. Мо минбаъд низ дар ташаббусҳое фаъолона иштирок хоҳем кард, ки ба баланд бардоштани дастрасии хизматрасониҳои молиявӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нав барои беҳбудии шаҳрвандони Тоҷикистон равона шудаанд.