10 февраля 2026

Бонки Имон Интернешнл натиҷаҳои солро ҷамъбаст намуда, стратегияи рушди соли 2026-ро муайян кард.
Ҷамъбасти сол ва афзалиятҳои рушди соли 2026
Дар моҳи феврали соли 2026 Бонки Имон Интернешнл ҷаласаи солонаи стратегии худро баргузор намуда, натиҷаҳои соли гузашта ҷамъбаст ва самтҳои асосии рушди соли 2026 муайян карда шуданд.
Дар рафти ҷаласа масъалаҳои устувории молиявӣ, баланд бардоштани самаранокии амалиётӣ, трансформатсияи рақамӣ, рушди маҳсулот ва дастгирии соҳибкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Иштирокчиён дастовардҳоро таҳлил намуда, вазифаҳои муҳими рушди устуворро муайян карданд.
Дар натиҷаи ҷаласа нақшаи стратегӣ ва нишондиҳандаҳои асосии самаранокӣ тасдиқ гардиданд, ки барои фаъолияти минбаъдаи бонк роҳнамо хоҳанд буд.
Раиси Раёсат Ҷорҷио Парола қайд намуд:
«Бонки мо дорои потенсиали бузург аст — ҳамон тавре ки бозор. Потенсиал дар ҷуғрофия, дар одамон, дар маҳсулот ва дар технологияҳо мебошад. Вазифаи мо — кушодани ин потенсиал тавассути рушди устувор ва масъулона аст».
Бонки Имон Интернешнл рушди худро бо боварӣ идома дода, мавқеи худро мустаҳкам месозад ва барои мизоҷон ва шарикон имкониятҳои нав фароҳам меорад.
«Қуввати мо — дар ғамхорист. Рушди мо — дар пешрафти шумост.»