31 августа 2026
Бонки Имон Интернешнл маҳсулоти нави «Автокредит»-ро роҳандозӣ кард, ки бартарии асосии он имконияти хариди автомобил бе пардохти аввалия мебошад. Мизоҷон метавонанд то 300 000 сомонӣ ба муҳлати то панҷ сол маблағгузорӣ гиранд ва барои пешниҳоди қарз комиссия пардохт накунанд.
Маҳсулоти нав барои онҳое таҳия шудааст, ки мехоҳанд автомобилро имрӯз харидорӣ кунанд ва барои ҷамъ кардани маблағи калон ҷиҳати пардохти аввалия харидро ба таъхир нагузоранд.
Мизоҷон метавонанд аз 50 001 то 300 000 сомонӣ ба муҳлати то 60 моҳ қарз гиранд. Меъёри фоизӣ бо сомонӣ 24% ва бо доллари ИМА 14% солона буда, комиссия барои пешниҳоди қарз 0% ва давраи имтиёзнок то се моҳро ташкил медиҳад.
Барои электромобилҳо шартҳои алоҳида пешбинӣ шудаанд: меъёри фоизӣ 22% солона бо сомонӣ ва пардохти аввалия аз 20% арзиши электромобилро ташкил медиҳад.
«Имрӯз автомобил барои бисёриҳо на танҳо воситаи нақлиёт, балки имконияти бештар ҳаракат кардан, самаранок будан ва рушди фаъолияти худ мебошад. Бо роҳандозии “Автокредит” мо хостем яке аз монеаҳои асосӣ ҳангоми хариди автомобил — зарурати пардохти маблағи калони аввалияро бартараф намуда, ба мизоҷон шартҳои воқеан дастрасу мусоиди маблағгузориро пешниҳод намоем», — қайд кард Акбар Иноятов, Директори тиҷоратии Бонки Имон Интернешнл.
«Автокредит» барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз синни 23-сола, ки дорои эътибори хуби корӣ ва на камтар аз шаш моҳ собиқаи корӣ дар кишвар мебошанд, дастрас аст. Қарор пас аз пешниҳоди бастаи пурраи ҳуҷҷатҳо дар муҳлати то се рӯзи корӣ қабул карда мешавад.
То 300 000 сомонӣ. То панҷ сол. Бе пардохти аввалия ва бе комиссия барои пешниҳоди қарз — «Автокредит»-и нави Бонки Имон Интернешнл.
Маълумоти бештарро метавонед аз филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии Бонк ё тавассути рақами 11 22 дастрас намоед.