26 августа 2026
Бонки Имон Интернешнл муҳлати амали маҳсулоти қарзии «Боварӣ-2026»-ро тамдид мекунад. Ин маҳсулоти қарзии истеъмолие, ки имкон медиҳад маблағи зарурӣ бо шартҳои муфид ва сабук ба мизоҷон дастрас карда шавад.
Яке аз бартариҳои асосии маҳсулот — имкони гирифтани то 30 000 сомонӣ тариқи онлайн тавассути замимаи IMONLINE, бе ташриф ба Бонк мебошад. Дар сурати зарурати гирифтани маблағи бештар, раванди барасмиятдарории қарз дар филиали Бонк идома хоҳад ёфт.
Қарор дар бораи тамдиди муҳлати амали маҳсулот бо назардошти маъруфияти он ва фикру мулоҳизаҳои муштариён қабул гардид.
Қарз — мустақиман дар IMONLINE
«Боварӣ-2026» раванди гирифтани қарзро осонтар ва дастрас мегардонад. Муштариён метавонанд маблағи то 30 000 сомониро тариқи фосилавӣ тавассути замимаи мобилии IMONLINE, бе зарурати ташриф ба филиали Бонк, ба расмият дароранд.
Маҳсулот барои муштариёне пешбинӣ шудааст, ки даромади расмии онҳо бо маълумотнома дар бораи музди меҳнат ё шартномаи меҳнатӣ тасдиқ шудааст. Маблағи қарз аз 1 000 то 100 000 сомонӣ, муҳлат аз 2 то 48 моҳ буда, давраи имтиёзнок то 3 моҳ пешбинӣ шудааст.
Бартарии дигари маҳсулот — суръати қабули қарор мебошад: ариза пас аз пешниҳоди бастаи пурраи ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар муҳлати то як рӯзи корӣ баррасӣ мешавад. Маҳсулот инчунин имкони бозтамвили қарзро пешбинӣ мекунад.
“Боварӣ-2026” аз ҷониби муштариёни Бонки Имон Интернешнл хеле хуб пазируфта шуд. Онҳо махсусан имкони гирифтани маблағи заруриро тариқи онлайн тавассути IMONLINE, бе ташрифҳои иловагӣ ба Бонк, қадрдонӣ карданд. Мо талаботи устуворро ба маҳсулоти рақамии сода ва қулай мушоҳида мекунем, аз ин рӯ, бо назардошти дархостҳои муштариён тасмим гирифтем, ки муҳлати амали “Боварӣ-2026”-ро тамдид намоем», — қайд кард Иноятов Акбар Александрович, Директори тиҷоратии Бонки «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ».
Барои мақсадҳои гуногун — як роҳи ҳал
«Боварӣ-2026» — қарзи истеъмолии гуногунмақсад мебошад. Маблағи гирифташударо метавон барои таъмир, таҳсил, харидҳои калон, хароҷоти оилавӣ ва дигар мақсадҳои истеъмолӣ истифода бурд. Дар шартҳои маҳсулот талаботи ҳадди ақал ба ҳуҷҷатҳо ва муҳлати кӯтоҳшудаи баррасии ариза ба таври алоҳида муқаррар шудаанд. Барои гирифтани «Боварӣ-2026» муштарӣ бояд дар IMONLINE сабти ном шуда, аз раванди мушаххассозӣ гузашта бошад. Тамдиди муҳлати амали «Боварӣ-2026» идомаи самти пешгирифтаи «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» дар рушди бонкдории рақамӣ буда, хизматрасониҳои молиявиро барои муштариён зуд, осон ва дастрас гардонад.