25 мая 2026
25 май, дар Рӯзи ҷаҳонии футбол, Бонки Имон Интернешнл ва Федератсияи футболи Тоҷикистон созишнома оид ба идомаи ҳамкориро ба имзо расониданд.
Рамзист, ки марҳилаи нави шарикӣ маҳз дар рӯзе оғоз гардид, ки ҳамаи дӯстдорони футбол ва онҳоеро, ки ба ояндаи он дар Тоҷикистон бовар доранд, муттаҳид месозад.
Барои Бонки Имон Интернешнл ин аллакай соли дуюми дастгирии лоиҳаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон мебошад. Тамдиди ҳамкорӣ аз талошҳои муштараки ҷонибҳо ҷиҳати фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди варзишгарони ҷавон ва таҳкими иқтидори варзишии кишвар шаҳодат медиҳад.
Дар соли ҷорӣ дар доираи созишнома таваҷҷуҳи махсус ба дастаи ҷавонони «Душанбе», ки аз бозигарони умедбахши 17–18-сола иборат аст, равона карда мешавад.
Интихоби дастаи «Душанбе» тасодуфӣ нест. Ин дастаи ҷавон номи пойтахти кишварро дорад ва насли нави варзиши тоҷикро муаррифӣ мекунад. Бо дастгирии даста имрӯз, мо ба ояндаи футбол сармоягузорӣ мекунем, то ҷавонони боистеъдод тавонанд қобилияти худро пурра нишон диҳанд ва қадамҳои аввалини худро ба сӯи дастовардҳои бузурги варзишӣ гузоранд.
«Мо аз идомаи ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ва аз он ки қисми кори муҳим дар самти рушди насли ҷавони варзишгарон ҳастем, хушҳолем. Барои мо дастгирии ҷавонон сармоягузорӣ ба ояндаи кишвар мебошад. Умедворем, ки аз миёни бозигарони дастаи “Душанбе” дар оянда пешвоён ва ситораҳои тими миллии футбол ба воя мерасанд», — қайд намуд Тагаев Азалшо Анварович, Муовини Раиси Раёсат ва Директори тиҷорати рақамии Бонки Имон Интернешнл.
Тамдиди ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон қадами навбатӣ дар роҳи рушди варзиши ҷавонон ва фароҳам овардани имкониятҳои нав барои пирӯзиҳои оянда хоҳад буд.