11 июня 2026

Кушодани пасандоз дар чанд дақиқа, бе ташриф ба филиал ва бе ҳуҷҷатҳои коғазӣ — хизматрасоние, ки то чанде пеш ҳамчун имконияти иловагӣ арзёбӣ мешуд, имрӯз ба меъёри нави хизматрасонии бонкӣ табдил ёфтааст.
Бонки Имон Интернешнл пасандози онлайнро роҳандозӣ намуд — маҳсулоти нави рақамие, ки ба муштариён имкон медиҳад пасандозҳои худро пурра фосилавӣ тавассути замимаи мобилии Imonline кушоянд.
Акнун муштариён метавонанд дар чанд дақиқа пасандоз кушоянд: шартҳои мувофиқро интихоб намоянд, пасандозро расмӣ гардонанд ва баъдан маблағҳои худро дар ҳар вақти муносиб ба таври онлайн идора кунанд.
Роҳандозии пасандози онлайн қадами навбатӣ дар рушди экосистемаи рақамии бонк мебошад. Имрӯз тавассути Imonline ба муштариён аллакай хизматрасониҳои пардохт, интиқоли маблағ, мубодилаи асъор ва идоракунии ҳисобҳо дастрас мебошанд. Ҳамзамон, бонк рушди фаъоли замимаро идома дода, дар ояндаи наздик версияи комилан навшудаи Imonline-ро бо интерфейси муосир ва имкониятҳои васеъ пешкаши муштариён хоҳад кард.
Хизматрасонии нав қисми барномаи васеи табдили Бонки Имон Интернешнл мебошад, ки пас аз гирифтани иҷозатномаи бонкӣ дар охири соли 2025 марҳилаи нави рушдро оғоз намуд. Пас аз тай намудани роҳи 25-солаи рушд ва соҳиб шудан ба мақоми бонк, ташкилот диққати худро ба рушди хизматрасониҳои муосири молиявӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва ҷорӣ намудани қарорҳои рақамӣ равона намудааст.
Ба андешаи коршиносони бозори молиявӣ, маҳсулоти пасандозии фосилавӣ хизматрасониҳои бонкиро дастрастар намуда, вақти муштариёнро сарфа мекунанд ва ба рушди фарҳанги пасандозгузорӣ мусоидат менамоянд.
«Гирифтани иҷозатномаи бонкӣ барои мо оғози марҳилаи нави рушд гардид. Мо пайваста бонки муосиреро бунёд менамоем, ки дар он ҳарчи бештар хизматрасониҳо барои муштариён ба таври фосилавӣ дастрас мебошанд. Пасандози онлайн боз як қадами муҳим дар самти содда, зуд ва дастрас намудани идоракунии маблағҳои муштариён мебошад», — иброз дошт муовини раиси Раёсати Бонки Имон Интернешнл Тагаев Азалшо Анварович.
Дар Бонки Имон Интернешнл таъкид менамоянд, ки рушди маҳсулоти рақамӣ яке аз самтҳои асосии стратегия боқӣ мемонад. Бонк минбаъд низ имкониятҳои замимаи мобилиро густариш дода, хизматрасониҳои наверо ҷорӣ хоҳад кард, ки ба талаботи муштариёни муосир ҷавобгӯ мебошанд.